Суғд: роҳи автомобилгарди Овчӣ-Ғончӣ таъмир мешавад
Суғд, 07.08.2015 (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳи 10 километра-и автомобилгарди Овчӣ-Ғончӣ бо мусоидати мақомоти ҳокимияти вилоятӣ таъмир хоҳад шуд. Ин нуқта дирӯз, зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ғончӣ зикр гардид. Ба иттилоъи раиси вилоят ин иқдом дар доираи раванди корҳои ободкориву созандагӣ ва амалишавии барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» амали мешавад.
Зимни сафари худ ба ноҳияи Ғончӣ раиси вилоят ҳамзамон аз заминҳои кишти картошка дар кооперативи истеҳсолии “Овчӣ”-и ноҳия дидан намуд. Тавре зикр гардид, картошкаи дар ин минтақа истеҳсолшаванда дар бозорҳои вилояти Суғд ва берун аз он низ харидорони зиёд дорад. Ба иттилои кишоварзон дар кооперативи истеҳсолии «Овчи”-и Ғончӣ дар майдони 195 гектар навъҳои беҳтарини картошка аз қабили “Пикассо” ва «Алладин» кишт карда шуда, ҳосилнокии он аз 400 то 500 аз ҳар гектар мебошад.
Роҳбари вилоят инчунин бо лоиҳаи сохтмони хатти оби Даҳкатсой — Даҳанасой боздид ба амал овар, ки амалишавии ин лоиҳа имкон медиҳад, наздик ба 6000 гектар замин обёрӣ шавад. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи мазкур раиси вилоят иброз дошт, ки барои амалишавии он дар марҳилаи аввал аз ҳисоби буҷет 10 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.
Дар анҷоми сафари корӣ раиси вилоят бо фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






