Суғд: роҳи автомобилгарди Овчӣ-Ғончӣ таъмир мешавад

Август 7, 2015 04:22

Суғд, 07.08.2015 (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳи 10 километра-и автомобилгарди Овчӣ-Ғончӣ бо мусоидати мақомоти ҳокимияти вилоятӣ таъмир хоҳад шуд.  Ин нуқта дирӯз, зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ғончӣ зикр гардид. Ба иттилоъи раиси вилоят ин иқдом дар доираи раванди корҳои ободкориву созандагӣ ва амалишавии барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» амали мешавад.  
Зимни сафари худ ба ноҳияи Ғончӣ раиси вилоят ҳамзамон аз заминҳои кишти картошка дар кооперативи истеҳсолии “Овчӣ”-и ноҳия  дидан намуд. Тавре зикр гардид, картошкаи дар ин минтақа истеҳсолшаванда дар бозорҳои вилояти Суғд ва берун аз он низ харидорони зиёд дорад. Ба иттилои кишоварзон дар кооперативи истеҳсолии «Овчи”-и Ғончӣ дар майдони 195 гектар навъҳои беҳтарини картошка аз қабили “Пикассо” ва «Алладин» кишт карда шуда, ҳосилнокии он аз 400 то 500 аз ҳар гектар мебошад.  
Роҳбари вилоят инчунин бо лоиҳаи сохтмони хатти оби Даҳкатсой — Даҳанасой боздид ба амал овар, ки амалишавии ин лоиҳа имкон медиҳад, наздик ба 6000 гектар замин обёрӣ шавад. Ҳангоми  муаррифии лоиҳаи мазкур раиси вилоят иброз дошт, ки барои амалишавии он дар марҳилаи аввал аз ҳисоби буҷет 10 миллион сомонӣ ҷудо  хоҳад шуд. 
Дар анҷоми сафари корӣ раиси вилоят бо фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод. 

 

Август 7, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид