Суди конститутсионӣ 20-сола мешавад

Август 6, 2015 10:25

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — 20 сол қабл аз ин Қонуни конститутсионӣ дар бораи Суди конститутсионӣ қабул гардид ва бори аввал дар таърихи давлатдории миллӣ таҷрибаи аз тарафи мақоми алоҳида ҷорӣ кардани назорат аз болои риояи меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакат амалӣ карда шуд. Вобаста ба ин, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим Мадзиё суҳбат анҷом дод. Каримзода Карим аз ҷумла изҳор кард, ки «Бори аввал мақомоти назорати конститутсионӣ дар шакли Суди конститутсионӣ соли 1920 дар Австрия ташкил шуда буд. Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар аксар кишварҳои олам мақомоти назорати конститутсионӣ ташкил шуданд.  Ҳоло дар тамоми давлатҳое, ки узви СММ ҳастанд, мақомоти назорати конститутсионӣ дар шакли Судҳои конститутсионӣ, Шӯроҳои конститутсионӣ, Трибуналҳои конститутсионӣ, Палатаҳои конститутсионӣ, Кумитаҳои конститутсионӣ ва м.и. мавҷуданд».
Мақсад аз таъсиси мақомоти назорати конститутсионӣ ҳифзи Конститутсия, риояи меъёрҳои он, таъмини иҷрои он мебошад. Ба ибораи дигар бо таъсис додани мақомоти назорати конститутсионӣ пеши роҳи таъсиррасонӣ ба Конститутсия аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида, ҳизбҳои сиёсӣ, доираҳои манфиатдор ва дигар қувваҳову мақомоте, ки ба сари ҳокимият меоянд, гирифта мешавад, — гуфт Каримзода ва илова кард, ки: «Фақат солҳои 1990-1992 дар натиҷаи беэътиноӣ ба Конститутсияи мамлакат аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Амалан, дар ҳар иҷлосияи Шӯрои Олӣ имконияти тағйир додани Конститутсия мавҷуд буд. Аз сабаби ба эътибор нагирифтани талаботи Конститутсия дар ҳамон солҳои 1990-1992 ду президент ва панҷ ҳукумат аз сари қудрат  барканор карда шуданд. Яке аз сабабҳои рӯй додани чунин ҳодисаҳо дар он буд, ки дар мамлакат Конститутсия аз тарафи мақомоти назоратӣ ҳифз карда намешуд».
Маврид ба зикр аст, ки солҳои 1989-1990 дар Тоҷикистон Кумитаи назорати конститутсионӣ таъсис ёфта буд. Мақсади Кумитаи назорати конститутсионӣ аз он иборат буд, ки дар миёни санадҳои ҳуқуқии қабулшуда бо Конститутсия мухолифат набошад. Лекин бо сабабҳои маълум, баъд аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ин кумита дигар фаъолият накард, — изҳор дошт Каримзода Карим.
Ба андешаи Каримзода «Дар солҳои 90-уми асри 20 таҳаввулоти бузурги геополитикӣ ба вуқӯъ омад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ расид. Бо ин Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки роҳу равиши давлатдории миллии худро бо риояи арзишҳои умумибашарии эътирофгардида интихоб намояд. Ба миллати тоҷик барои бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шароити мувофиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам омад. Аммо бунёди давлати миллӣ бе қабули Конститутсия (Сарқонун) номумкин буд. Конститутсия инъикоси соҳибистиқлолӣ ва аз ҷиҳати конститутсионӣ омили таҳким бахшидан ва мустаҳкам кардани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамин буд, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид ва бо ҳамин роҳҳои бунёди давлати миллӣ муайян карда шуд». 
Тоҷикистон зарур шуморид, ки дар Конститутсия таъсис додани мақоми махсуси назорати конститутсиониро  ҷорӣ кунад, то он мақом тавонад Конститутсияро ҳифз намояд, риояи меъёрҳои он, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатро, ки Конститутсия кафолат додааст,  таъмин кунад.  Ҳамин буд, ки 3-юми ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионӣ дар бораи Суди Конститутсионӣ қабул гардид, ки дар он мақсад, вазифа ва салоҳиятҳои Суди конститутсионӣ дарҷ шуда буд. Суди конститутсионии ҶТ аз 7 судя иборат аст, ки яке аз судяҳо аз ВМКБ мебошад. Мақсади асосии Суди конститутсионӣ пеш аз ҳама ҳифзи Конститутсия, таъмини меъёрҳои он дар қаламрави мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад.
Дар моддаи 89-и Конститутсия омадааст, ки ба салоҳияти Суди конститутсионии мамлакат муайян намудани мувофиқатии санадҳо ва қонунҳои қабулшуда ба меъёрҳои Конститутсия мебошад, — мегӯяд Каримзода ва илова кард, ки «Ин вазифаи худро Суди конститутсионӣ дар давоми 20 соли фаъолият сарбаландона иҷро кардааст». 
Соли 2008-ум ба салоҳиятҳои Суди конститутсионӣ салоҳиятҳои нав илова карда, ки тибқи он минбаъд Суди конститутсионӣ нисбат ба он  тағийру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда мешаванд, хулосаи худро пешниҳод мекунад.  Инчунин нисбат ба лоиҳаи он қонунҳое, ки барои раъйпурсӣ пешниҳод мешаванд, хулосаи худро мебарорад. Суди конститутсионӣ, ки ба Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакат мувофиқат кардани санаду ҳуҷҷатҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Миллӣ, Ҳукумати ҶТ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул мешаванд, назорат мебарад. Ҳамчунин муайян мекунад, ки созишномаҳои байналмилалие, ки ҶТ бо дигар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебанданд, ба Конститутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат мекунанд ё не. 
Карим Мадзиё мегӯяд, ки расидан ба истиқлолияти давлатӣ, қабул шудани Сарқонуни ҷумҳурӣ ва ҷорӣ кардани фаъолияти Суди конститутсионӣ занҷираҳои як ҳалқа буда, бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии миллати тоҷик дар давоми садсолаҳои охир мебошад. «Суди конститутсионӣ механизми махсуси ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад», — хулосабарорӣ кард К.Каримзода.

 

Август 6, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад