«Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон»- мизи мудаввар дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон»,- таҳти чунин унвон рӯзи 22-юми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими аньана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну ҷавонони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Масъулин мақсад аз баргузории мизи мудавварро баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо арзёбӣ карда, зикр доштанд, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд.
Ба гуфтаи масъулин гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳамеша аз нерӯи ҷавонон истифода бурда онҳоро ба ақидаҳои ғаразноки худ фирефта мекунанд. Аз ин рӯ онҳо рисолати ҷавононро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид карданд, ки ҷавонон рисолати давлатсозиву давлатдориро бар дӯш доранд. Аз ин рӯ усули «ҳамсол ба ҳамсол»-ро барои тарбияи ҷавонон ҳам муҳим арзёбӣ гардид.
Ёдрас мешавем, ки чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар минтақаи Кӯлоб идома доранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






