Тағйироти кадрӣ дар «Барқи Тоҷик» ва мақомоти судӣ

Август 26, 2015 13:33

Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.
Ғуломов Алиҷон Амрихудоевич аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод карда шуд.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн  аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд  озод гардид.
Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна  бинобар вафоташ қатъ карда шуд.
Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.
Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.
Исмоилов Мирзо Ибрагимович Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин гардид.
Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд  таъин карда шуд.

 

Август 26, 2015 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид