Тағйироти кадрӣ дар Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як катор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Абдураҳмон Азимов — бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сардори Омўзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ озод гардид.
Назиров Сафаралӣ аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи Сардори Омўзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар аз вазифаи муовини Сардори Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ-сардори раёсати корҳои тарбиявӣ озод гардида, Сардори раёсати Қўшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид.
Ҳамчунин Сардорони раёсатҳои қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Ба вазифаҳои сардорони отрядҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд афсарони соҳибтаҷрибаву корозмуда таъин карда шуданд.
Бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби имрўзаи ҷомеаи ҷаҳониро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шўрообод, Панҷ, ки тоза ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рўи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.
Роҳбарони марказҳои таълимии “Ҳалқаёр” ва “Лангар” низ аз ҳисоби афсарони ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи кадрҳое, ки имрўз ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, баъди хатми донишгоҳҳои мамлакат донишгоҳу донишкадаҳои соҳавиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Қазоқистон бо дарёфти дараҷаи баланди тахассусӣ хатм намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз авзои номўътадили давлати ҳамсояи Афғонистон, задухурду муқовимати гурўҳҳои ифротгаро ва террористӣ бо сохторҳои қудратии ин давлат дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарўзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар баробари ташкили хуби таъминоти моддию техникии нигоҳубини сарҳад ба ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, истифодаи мақсадноки заминҳои ҳудуди қисмҳои низомӣ ва корҳои ободонию ниҳолшинонӣ диққати махсус дода шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






