Таҳсил барои синфҳои 1 оғоз гардид

Август 3, 2015 08:39

Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шурӯъ аз имрӯз, 3 август дарсҳо барои синфҳои 1-ум дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар оғоз гардид. Тибқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми ҶТ барномаи якмоҳаро таҳти унвони «Омодагӣ ба мактаб» таҳия намуд. Мақсад аз таҳияи барнома омода намудани кӯдакони 6-7 сола ба мактаб мебошад. 
Ба  гуфтаи масъулини Вазорати маориф ва илми ҶТ сабаби асосии   таҳсили як моҳ қаблии хонандагони синфҳои якум омода набудани бархе аз кӯдакон ба таълим мебошад. Ҳарчанд дар кишвар сол то сол шумораи муассисаҳои томактабии ҳам давлатӣ ва  ҳам хусусӣ бештар шуда бошад ҳам, онҳо тамоми кӯдаконро фаро гирифта наметавонанд. Бинобар ин вазорат тасмим гирифт барномаеро таҳия намояд,  ки кӯдакони синни мактабиро дар муддати як моҳ ба   мактаб омода созад. 
Тавре ки Маҳбуба Одинаева муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1-уми пойтахт гуфт: «Ин барномаи  таълимӣ барои омада намудани кӯдакон ба мактаб, шиносоии онҳо  бо муҳити барои онҳо нав, озодона муошират кардан бо ҳамсолон ва рафтор дар мактабро дар бар мегирад». 
«Вазифаи мо омӯзгорон дар муддати як моҳ баланд бардоштани сатҳи ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдакон,  ташаккули тасаввурот оид ба муҳити атроф, инкишофи нутқ ва ғайра мебошад. Мо аз рӯи барномаи тайёр тӯли ин як моҳ дарсҳоро ба роҳ хоҳем монд. Миқдори машғулиятҳо ба нақша гирифта шуда, аз шиносоӣ бо муҳити атроф, санъати тасвирӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ иборат мебошад. Мо зимни бозиҳои шавқовар хонандагонро бо ҳарфу рақамҳо низ шинос хоҳем кард»,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба андешаи М.Одинаева чунин навъи таълим барои кӯдаконе, ки ба боғча нарафтаанд,  хуб аст. Зеро дар тули ин як моҳ кӯдак вақт пайдо мекунад дар муҳити озод бо омӯзгор  ва ҳамсинфон шинос гардида, дар бораи мактаб тасаввурот пайдо кунад. 
«Мо дар тӯли ин як моҳ бо кӯдакон  бозиҳои шавқовар гузаронида, дар мактаб сайру гашт намуда, ба  тарбияи ҷисмонӣ машғул хоҳем шуд. Аз чунин усули таълим  кӯдак хаста намешавад ва  ба дарсу мактаб одат мекунад»,- афзуд М.Одинаева. 
Дар баробари ҳамин Садафмо Салимова изҳор кард, ки кӯдаки вай то мактаб ба боғча мерафт ва хоҷат барои  боз як моҳ тайёр намудан ба мактаб  нест. «Ба фикри ман кӯдак то 1 сентябр аллакай монда мешавад ва шавқу завқаш нисбат ба мактабу таҳсил мемонад. Ин барои волидайне, ки кор мекунад қулай нест, масалан ман аллакай нақша карда будам, ки дар моҳи сентябр рухсатии меҳнатӣ мегираму бо кӯдак машғул мешавам, акнун як моҳ бояд аз ҳисоби кор кӯдакамро ба ин машғулиятҳо орам»,- гуфт С. Салимова.  
Ба андешаи Заррина Раҳимова волидайни дигаре, ки имсол фарзандашро ба синфи якум овардааст, таҳияи чунин барнома на танҳо  барои кудак, балки барои  волидайн  низ хуб аст. «Фикр мекунам тули ин як моҳ кӯдак тайёрии пеш аз мактабиро гузашта, бо синф, муаллим ва ҳамсинфҳояш  шинос мешавад. Як  моҳ пештар ё баъдтар овардани кӯдак ба мактаб ягон зарар надорад. Баръакс ҳам кӯдак ва ҳам волидайн реҷаи рӯзашонро то оғози мактаб ба танзим медароранду дар вақти дарсҳои асосӣ дигар азоб намешаканд». 
Дар масъалаи хасташавии кӯдак аз мактаб мусоҳиби мо мегӯяд, ки ҳоло падару модарон аз синни хурдсолӣ кудаконро ба ҳар гуна машғулиятҳои пеш аз мактабӣ ва иловагӣ медиҳанд ва кӯдакони имрӯза нисбат ба кӯдакони замони пеш хело пешрафтаанд. Ин машғулиятҳои то мактабӣ баръакс онҳоро боз ҳам барои таҳсил қавитар хоҳанд кард.  
Ба гуфтаи масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар падару модарон ин иқдоми вазоратро хуб пазируфтанд. Бино ба иттилои пешакии вазорат имсол наздики 180 ҳазор кӯдак бори нахуст ба синфи якум қадам хоҳанд монд.  

 

Август 3, 2015 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд