Таркиш дар Ғазнӣ

Август 3, 2015 12:36

Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Имрӯз дар ҳудуди шарқии музофоти Ғазнии Афғонистон мотосикли сечарха ба минаи сарироҳӣ бархурд. Дар натиҷаи таркиш 3 нафар ба ҳалокат расида як нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Иттилоъ дода мешавад, ки фоҷеа дар ноҳияи Андар ба амал омада, қурбоншудагон аъзои як оила мебошанд, ки барои иштирок дар маъракаи ёдбуд ба хонаи хешовандони худ ҳаракат доштанд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии «Пажвок» хабар медиҳад.

 

Август 3, 2015 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш