Таъсиси Маркази “Оилаи солим” дар Хуҷанд
Суғд, 13.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дар назди хонаи ақди ниқоҳи шаҳрӣ, Маркази “Оилаи солим” таъсис ёфт.
Ба иттилои сарвари хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷаева, ҳадаф аз ташкили маркази маскур ин пеш аз ҳама пойдор ва мустаҳкам намудани оилаҳо, хосатан оилаҳои ҷавон, ташкил ва гузаронидани сӯҳбатҳо дар доираи якдигарфаҳмию садоқати зану шавҳар ва бо ин васила бартараф намудани низоъҳои оилавӣ мебошад.
Ба гуфти мавсуф, аз ҷониби масъулин вобаста ба ин як қаттор чорабиниҳои муфид бахшида ба соли оила дар шаҳру ноҳияҳо ва донишкадаҳо гузаронида шуд, ки мақсади асосии он ин мусоидат намудан ба маърифату фарҳанг, оилаву оиладории ҷавонон пешгирии хушунат дар оила ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқиву маънавиёти навхонадорон буд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






