Тоҳир Муминов сармураббии “Равшан” таъин шуд

Август 7, 2015 05:18

       Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Меҳрони   Курбон)- Сармурабби дастаи “Хайр”-и Ваҳдат Тоҳир Муминов баъди аз вазифа  барканор шудан, муддати зиёде бекор намонд.Ёдовар  мешавем, ки  Тоҳир Муминов ба вазифаи сармураббии чемпиони дукаратаи Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ин хабар аз ҷониби роҳбарияти клуби футболи шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид.
Имрӯз  мутахассиси 45-сола фаъолияташро дар  дастаи  “Равшан”-и Кӯлоб оғоз мекунад.Хотирасон  менамоем, ки  рӯзи  8 август  дастаи  “Равшан” дар доираи бозиҳои даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, дар майдони худ  дастаи “Барқи тоҷик”-и  Душанберо қабул мекунад.Бояд  зикр  кард, ки   дастаи “Равшан” баъди 10 давр бо 17 имтиёз дар зинаи панҷуми чемпионат қарор дорад. Дастаи шаҳри Кӯлоб нисбат ба дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки  зинаи дуюми ҷадвали чемпионатро ишғол мекунад, ҳамагӣ шаш имтиёз кам дорад.

Август 7, 2015 05:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст