Ҳувияти миллӣ ва тарбияи ғоявии ҷавонон
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ меҳвару моҳияти мафкураи ватанпарварии миллии кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад. Муҳимтарин вазифаи ин мафкура шакл додани ҳувият, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳиссиёт ва ифтихори миллии насли наврас ва ҷавони мамлакат мебошад.
Мафкураи миллӣ-давлатии Тоҷикистон бояд дар байни оммаҳои васеъ ва қабл аз ҳама ҷавонон тавре таблиғ гардад, ки он хислати ҳамагонӣ гирад. Мафкураҳо ҳамон вақт муассир мегарданд, ки агар ҳама қишрҳои миллат ба арзишҳои он боварӣ дошта бошанд ва аз паи он арзишҳо раванд. Танҳо хислати ҳамагонӣ гирифтани арзишҳои ғояи миллии тоҷикӣ халои мафкуравиро пур хоҳад кард. Дар ин росто, масъалаи аз ҳама муҳимтарин тарбияи ҷавонон дар руҳияи миллии дунявӣ мебошад, ки онро танҳо ба василаи таблиғу тарғиби бонизом амалӣ намудан мумкин аст. Вақте фарди ҷавон худшинос аст, шуури ӯ дар руҳияи миллии дунявӣ ва ватанпарварӣ шакл гирифтааст, ба вай ғояҳои бегонаву бегонапарвар наметавонанд таъсир расонанд.
Чунонки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд «Бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон истифодаи ҳарчи васеъ аз шабакаҳои телевизионии миллӣ зарур мебошад. Зиёиёни миллат имкон доранд, ки бо ҳамин роҳ моҳияти сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мардум расонанд ва дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум, махсусан наврасону ҷавонон саҳми воқеӣ гузоранд (Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар, 20.03.2014).
Барои он ки худшиносии миллии тоҷикӣ хислати ҳамагонӣ пайдо кунад, боястӣ фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа ва синну сол бошад. Вале фарогирии қишри наврасу ҷавон муҳимтар аз дигар қишрҳост, зеро шуури фардии калонсолон шакл гирифтааст, аммо шуури наврасон ва навҷавонон дар ҳоли ташаккул аст, барои ҳамин ҳама гуна ғояву мафкураҳо (махсусан ғояҳои ифротгароии динӣ) кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар шаклгирии он фаъолона ширкат варзанд, то ин ки ҳамақидагони худро бештару бештар намоянд.
Барои он ки наврасону ҷавонон дар ҳақиқат ояндаи миллат шаванд, ин кишвару меҳанро соҳибӣ кунанд, қабл аз ҳам бояд онро дӯст доранд ва аз он ифтихор намоянд. Ба ибораи дигар ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ дошта бошанд.
Аммо бояд дарк намуд, ки дӯстдории ватан ва худшиносии миллӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд, боз дар ҳоле ки мафкураҳои зиддимилливу ифротгароӣ ба муқобили он дар ҳоли мубориза қарор доранд. Зеро мафкураҳои зиддимиллӣ барои он зидди миллату давлат ҳастанд, ки мафҳуми ватану миллат ва худшиносиву худогоҳиро намепазиранд, яъне барои онҳо вуҷуди давлати миллӣ арзише надорад. Ба андешаи мо ин нуктаро бояд ҳамеша дар хотир дошт ва дар мубориза бо мафкураҳои зиддимиллӣ ҷиддан омода буд, зеро барои миллати тоҷик мафҳумҳои миллату ватан арзишҳои муҳимтарин ва сарнавиштсоз ба ҳисоб мераванд.
Роҳи аз ҳама муассири шакл додани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ таблиғу ташвиқ ва омӯзишу тарбия аст. Таблиғу ташвиқро дар ин самт бояд чунон ба роҳ монд, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шуур ва дилу дидаи насли наврасу ҷавон ба таври ҳамешагӣ ҷойгузин гардад.
Яке аз самтҳои муассири таблиғу ташвиқи ҳувияти миллии ҷавонон воситаҳои ахбори омма мебошанд, махсусан воситаҳои электронии ахбори омма. Ба ин хотир, сарвари давлат дар суханронии худ бо равшанфикрони мамлакат ба таври махсус нақши шабакаҳои телевизиониро қайд намудаанд. Вазифа дар он нуҳуфтааст, ки дар заминаи ин таъкидҳои Президенти кишвар як низоми муайяни таблиғу ташвиқ ба роҳ монда шавад, зеро маҳз ҷой гирифтани арзишҳои андешаи миллии тоҷикӣ садде хоҳад гардид, барои паҳн шудани ғояҳои динии экстремистӣ дар байни ҷавонон ва наврасон. Аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ва инчунин бо истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет таблиғу ташвиқ намудани ҳувияти миллӣ бояд беш аз пеш ҷоннок намуда шавад, аммо барномаҳо бояд тарзе тарҳрезӣ карда шаванд, ки дидану шунидани он барои наврасону ҷавонон шавқангез бошад, на дилгиркунанда. Лозим ба ёдоварист, ки таблиғу ташвиқи хушку холӣ не, зеро таблиғу ташвиқе, ки шавқангез ба роҳ монда шудааст, таъсирпазир буду, қодир аст диққати насли наврасу ҷавонро ба худ бикашад.
Нуралӣ Расулов, дотсенти
Донишгоҳи (славянии)
Россия ва Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






