Вохӯриҳои созанда бо сокинони пойтахт
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан миёни сокинон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Тибқи нақшаи муштарак аз 1 июл то 1 ноябри соли ҷорӣ чорабиниҳо дар маҳаллаҳои ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ бо сокинон ва ҷавонон доир карда мешаванд.
Наврӯз Қурбонов, Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чунин хабар дод, ки то имрӯз масъулини Кумита дар маҳаллаҳои Шафақ, Ҳабибулло Назаров, Сурхоб, Аҳрорӣ, Нодира, Заҳматобод, Амиршоев, М.Холов ва Шафтолузори ноҳияи И.Сомонӣ ва маҳаллаҳои 3 ноҳияи дигари пойтахт вохӯрию мулоқот доир намуданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои умумимиллӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ақидаҳои бегона таъсири мусбат расонидааст.
Ба иттилои мавсуф, дирӯз чунин як мулоқоти созанда дар биноҳои баландошёнаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳалла доир карда шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббос Саймуддинов, намояндаи ҳукумати ноҳияи И. Сомонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Масъулин вобаста ба масъалаҳои тозагии гирду атрофи маҳал, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масоили мавриди назар бо сокинон суҳбат намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






