Вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Офатҳои табиие, ки тақрибан дар як вақт дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва Дарвози вилояти Бадахшон, инчунин дар ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва Ҷиргатоли ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастанд, ба Тоҷикистон зарари калони моддию молӣ расониданд. Дар маҷмӯъ ба иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва иншооти иҷтимоӣ хисороти калон расид, ки бино ба маълумоти пешакӣ ҳаҷми ин хисорот 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат дар вазъияти пешомада зуд чораҳои муассир андешид. Дар ин давра бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ вазифаи муҳимтарини давлат гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ғайринавбатӣ доир карда, дар он роҳҳои ҳамаҷониба расондани кумак ба сокинони зарардидаро баррасӣ намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи давлатӣ ва ситод оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои вайроншуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ки одамони бехонамонда дар зимистон бо хонаҳои нав таъмин шаванд. Супориш дода шуд, ки ба оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман хароб гардидааст, 6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Президенти мамлакат кӯмаки яквақтаина расонда шавад.
Ғайр аз ин, суратҳисоби махсус кушода шуд, ки ба он ҳамдардони ноҳияҳои зарардида метавонанд маблағҳои пулиро гузаронанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тамоми ҷомеаи байналмилалӣ барои расонидани кумак ба Тоҷикистон муроҷиати расмӣ намуд ва чандин кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумаки молию моддӣ расониданд. Аз ҷумла Қирғизистон, Чин, ИМА, Олмон ва чанд созмонҳои байналмилалӣ кумаки худро ба Тоҷикистон дареғ надоштанд.
Ёдовар мешавем, ки сабаби аслии ин офати табиӣ гармшавии ҳаво ва дар натиҷа аз меъёри муқаррарӣ зиёд об шудани пиряхҳо, боришоти зиёди борон буд, ки ба болоравии сатҳи оби дарёҳои минтақа сабаб шуданд, мебошад. Хисороти аз ҳама зиёдро аз ин офатҳои табиӣ ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон бардошт. Дар натиҷаи фуромадани сел роҳи мошингард, хатти интиқоли барқ, заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳо, иншооти ёрирасон ва дигар инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ зиёни сахт диданд. Бахусус, 3,5 км қитъаи роҳи Хоруғ-Мурғоб, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, пурра хароб шуд.
Инчунин, дар деҳаҳои Барсем, Бердибеков ва Колхозободи ноҳияи Шуғнон 58 хона пурра ва 14 хонаи дигар қисман хароб шуданд. Ҳамчунин, 1 мактаби миёна, 6 мағоза, 2 пули пиёдагузар ва 2 пули мошингузар, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 6 км хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ (35 кВт), 2 км хатти интиқоли барқ (10 кВт), 2 км роҳи мошингарди аҳамияти ноҳиявидошта, 5 истгоҳи автомобилӣ, 6 автомашина, 1 300 м канали обтаъминкунӣ ва 3000 дарахтони гуногун нобуд шуданд.
Дар натиҷаи фуромадани сел ва боло шудани сатҳи оби дарёҳо дар чанд ноҳияи Бадахшон (Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Дарвоз, Рушон) 4,1 км иншооти обтаъминкунӣ ва 2 км иншооти ёрирасони соҳилмустаҳкамкунӣ зарар диданд.
Дар деҳаи Лугади ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани сел пули мошингузар пурра вайрон шуда, сел 1 адад трейлер, 2 булдозер ва 1 автомашинаи боркашро бурда, корношоям кард. Ҳамчунин бар асари ин офати табиӣ дар ноҳияи мазкур 6 нафар ҳалок гардиданд.
Бар асари фаромадани сел ва ярч чанд ноҳияи вилояти Хатлон низ хисорот диданд. Ба 43 км иншооти ёрирасони соҳилмустаҳкамкунӣ зарари ҷиддӣ расид.
Дар вилояти Суғд бошад, дар натиҷаи боло шудани сатҳи оби дарёи Зарафшон, 1 насоси обкашӣ дар ноҳияи Айнӣ зери об монда, 1 пули мошингузар пурра ва 1 пули мошингузари дигар қисман дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хароб гаштанд.
Аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ асосан ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Турсунзода бар асари офатҳои табии моҳи июл хисорот диданд. Бар асари боло шудани сатҳи оби дарёҳои Сурхоб, Хингоб ва Ширкент ба 8,5 км иншооти ёрирасони соҳилмустаҳкамкунӣ хисороти ҷиддӣ расид.
Дар деҳаи Пингуни ноҳияи Рашт дар натиҷаи боришоти шадиди борон ва фуромадани ярч пеши дарёи Камаров банд шуда, 60 хонаи истиқоматӣ пурра хароб гардид. Инчунин аз ин офати табиӣ як пули мошингузар, 10 км роҳи нақлиётӣ, 2 пули пиёдагузар, 2 осиёби ордкашӣ, 5 трансформатор ва 1 бустонсарой пурра хароб шуданд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Бедак ва Халқарф 50 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қариб 100 адади дигар қисман хароб шуданд. Ба ҷуз ин дар ноҳияи Рашт 7 км хатти нерӯи барқ пурра хароб гашта, дар деҳаи Бедак 1 нафар ба ҳалокат расид.