Якумин олимпиадаи байналмилалии Ҳаракати олимпӣ миёни ҷавонони ИДМ дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе якумин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони ин давлатҳо баргузор мегардад.
Наздик ба 60 нафар иштирокдорони Олимпиада, ки ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳанд, аз 8 ҷумҳуриҳои ИДМ -Армения, Белорусия, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Ўзбекистон дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд.
Мақсади Олимпиада ин омўзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, ақидаҳои асосӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дўстӣ байни миллатҳои давлатҳои аъзо мебошад.
Ба Барномаи Олимпиада тест (250 савол) оид ба таърихи рушди Ҳаракати олимпӣ, аз таърихи дунёи қадим то имрўз ва мусобиқаҳо аз панҷ намуди варзиш: дав дар масофаи 100 метр, дав дар масофаи 1000 метр, ҷаҳиш, дар турник боло бардоштан (ҷавонон) ва афшурдан аз курсӣ (духтарон), инчунин усутвории пресси бадан дохил мешаванд.
Ба ғолибон, ҳам мутлақан ва ҳам дар санҷиши даставӣ медалҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






