Зилзила дар 300 километрии қисмати ҷанубу шарқи Душанбе

Август 10, 2015 11:09

Душанбе, 10.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 10 август соати 15:06 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон зилзила  ба вуқӯъ омад.
Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  маркази зилзила дар 300 километрии қисмати ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон ба қайд гирифта шуда, қувваи он дар марказ ба 4-5 бал расид.
Тибқи хабари расмӣ қувваи зилзила дар Душанбе 3-4 ва дар вилоятҳои Хатлону Суғд 2-3 балро ташкил дод.

Август 10, 2015 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш