18 иншооти ҷашнӣ дар Ҷиргатол ба истифода дода шуд

Сентябрь 4, 2015 04:48

Чиргатол, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ҷиргатол 18 иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили сехи дӯзандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои  хизматрасонӣ, фарҳангию фароғатӣ, сехи обтаъминкунӣ, мағозаҳо дар арафаи ҷашни истиқлолият ба истифода дода мешавад. 
Ба иттилои муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол Баргигул Аббосова  дар арафаи ҷашни истиқлолият  10 ҷуфти тӯйи арусӣ ва хатнасури  50 нафар  кӯдак аз оилаҳои ятим, камбизоат  дар назар дошта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорон ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда мешавад.
 Ҳамчунин, бо дастгирии раиси ноҳия ба  маъюбону  ятимон, ниёзмандон ва иштирокчиёни ҶБВ  аз ҳисоби кормандони дастгоҳи ноҳия ва соҳибкорону  саховатмандон кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

 

Сентябрь 4, 2015 04:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст