18 иншооти ҷашнӣ дар Ҷиргатол ба истифода дода шуд
Чиргатол, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ҷиргатол 18 иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили сехи дӯзандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, фарҳангию фароғатӣ, сехи обтаъминкунӣ, мағозаҳо дар арафаи ҷашни истиқлолият ба истифода дода мешавад.
Ба иттилои муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол Баргигул Аббосова дар арафаи ҷашни истиқлолият 10 ҷуфти тӯйи арусӣ ва хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ятим, камбизоат дар назар дошта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорон ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда мешавад.
Ҳамчунин, бо дастгирии раиси ноҳия ба маъюбону ятимон, ниёзмандон ва иштирокчиёни ҶБВ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи ноҳия ва соҳибкорону саховатмандон кумакҳои моддӣ расонида мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






