Ҳафт ганҷи истиқлоли мо

Сентябрь 19, 2015 03:53

Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Истиқлолият ҳамчун истилоҳ маънои рафтору тасарруфи озодона ва мустақилона доштан дар муҳити кишвари ободро дорад. Аммо дар ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар аст. Аз нуқтаи назари сиёсӣ истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун ва институтҳои ҳуқуқи конститутси¬ониро ифода менамояд. Барои давлати соҳибистиқ¬лол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субйекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ тақсими ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ аст. Таърих гувоҳ аст, ки ноил шудан ба ин рўйдоди фараҳбахш барои миллатҳои гуногун дар шароити мушкил ва ҳарранг муяссар шудааст. Дамидани офтоби ин санаи муборак барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 иттифоқ афтодааст, ки акнун 24-умин солгарди онро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон таҷаллову таманно таҷлил менамоем. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурўтану ватандўст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрўз аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли ин санаи фархунда чӣ гуна кам-кам ба решаи ташналаби дарахти истиқлоли тоҷик оби ҳаёт зам гардидааст. Акнун ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи ин ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу мантиқ ҷамъбаст намуда, нақшаи чорабиниҳои навро барои соли оянда тарҳрезӣ мекунанд. Албатта, дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимону муаррихон ва коршиносони ватанию хориҷӣ китобу рисолаҳо ва гузоришҳои таҳлилию мақолаҳои илмии зиёд таълиф шудаанд. Ба мушоҳидаи мо, андаруни тамоми дастовардҳо ва кору пайкорҳои анҷомёф¬та дар тўли 24 соли рушди мустақилона якчанд самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва ҷамъиятию иқтисодӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳу¬рӣ ташаккул ёфтанд, ки мо онро «ҳафт ганҷ» номидем. 
Ганҷи якум, соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шўравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рўйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субйектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои кӯҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субйективӣ ва обйективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рўзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид. Ва санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рўйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон субйекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.  
Ганҷи дуюм, эҳёи илму маориф, фарҳанги миллӣ, соҳаҳои танду¬рус¬тӣ ва варзиш. Бояд эътироф кард, ки дар марҳалаи нахустини фазои соҳибистиқлолӣ зарбаи нахустин болои ҳамин соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ фурў рехт. Маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии марказӣ дар ин соҳаҳо аз фондҳои умуми¬иттифоқӣ қатъ гардида буд, вале дар доираи имкониятҳои буҷавии ҷумҳуриҳо барои таъминоти ин соҳаҳо маблағҳои алоҳида пешбинӣ нашуда буданд. Илова бар ин, дар солҳои нооромӣ раванди таълим дар баъзе ноҳияҳои кишвари мо як муддат маъталу мушкил ҳам шуд. Дар шароити нав, аз як тараф, таъмини маблағгузории ин соҳаҳо ва аз тарафи дигар, ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ намудани барнома ва сохтори илму маориф ва фаъолияти муасисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ ба миён омад. Мо тавонистем муассисаҳои таълимӣ ва илмии навро ифтитоҳ намуда, фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, тавассути бозсозии муассисаҳои тандурустӣ ва варзишӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пирўзиҳои варзишгаронамонро баланд бардорем. Муҳимтар аз ҳама мо дар тамоми умури коргузорӣ ва идоракунӣ мақоми забони тоҷикиро «боз боло бурда, бар курсӣ нишонидем» ва онро зеби авранг кардем. Роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ рушди ин соҳаҳоро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, сол ба сол ба натиҷаҳои назаррас комёб шуда истодааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият муждаи тозае дар бораи навгониҳо дар ин самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ аз тариқи расонаҳо танинандоз мегардад. Роҳбарияти олӣ дар якҷоягӣ бо мардуми фарҳангсолори мо ният доранд, ки дар рушди ин самтҳо дастовардҳоро афзун намоянд.
Ганҷи сеюм, эҳёи осори гузашта барои имрўз ва ояндаи дурахшон. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият дар воқеъ эҳё намудани арзишҳои моддӣ ва маънавии таърихи пурифтихори ниёгон ва ба манфиатҳои фарҳанги миллию динии мо созгор намудани он аст, зеро бе донистан ва дуруст омўхтани гузашта бунёди рўзгори имрўза ва муайян намудани уфуқҳои рушди оянда номумкин аст. Ин ҷанбаи муҳими фаъолияти иҷтимоӣ дар доираи консепсияи «гузашта, ҳозира ва оянда» комилан дуруст ба роҳ монда шудааст, ки таъмини фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ дар қаламрави кишвар дар шароити кунунӣ маҳсули ранҷҳои дар ин самт сипарикардаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Таҷлили зодрўзи ниёгон ва чорабини¬ҳои дигари марбут ба эҳёи таъриху фарҳанги гузашта дар тарбияи рўҳияи ватандўстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир гузошта истодааст. Анбўҳи корҳои иҷрошуда барои арзишҳои волои миллӣ ва динии миллати тоҷик дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ нишемангоҳе некў барпо кардааст.
Ганҷи чаҳорум, таҳияи стратегияи се ҳадафи асосии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникат¬сионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ. Бояд гуфта шавад, ки маҳз ба шарофат ва  файзу баракати истиқлолият барои ноил гардидан ба ин мақсадҳои наҷиби рушди ояндаи кишварамон як қатор пешравиҳо ба даст овардаем ва фаъолияти созандаву корнамоиҳоро дар ин самтҳо идома дода истодаем. Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Сарвари давлат «масъалаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Раҳоӣ аз бунбасти коммуни¬кат¬си¬онӣ бошад дар равобити мо бо кишварҳои ҷаҳон пайванди ногусас¬танӣ мебахшад. Роҳу рафтуомади муттасил бо чаҳор гўшаи олам инфра¬сох¬тори иқтисодӣ ва иҷтимоии моро тағйир дод. Воқеияти зиндагӣ дурустии наздикӣ ҷустани моро бо кишвари Чин комилан тасдиқ кард. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди парвариши меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди он ба маҳсулоти кишоварзии мо сифати «аз нигоҳи экологӣ тоза»-ро замима кард. Дар оянда мо имкон дорем ҳам талаботи аҳолиро ба ин маҳсулот қонеъ гардонем ва ҳам содироти онро ба хориҷ афзун намоем.  
Ганҷи панҷум, ба ҳам пайвастани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ. Ин масъала тавассути бунёд намудани роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, нақби пулҳо, хатти интиқоли барқ ва табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар ин замина дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо афзун гардид, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст.
Ганҷи шашум, рушди бемайлони сохтмону ободонӣ. Дар воқеъ симои пойтахт, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар дар 24 соли истиқлолият аз нигоҳи меъморӣ ва тарҳу дизайн комилан тағйир ёфт ва бунёди биноҳои зиёди таъйиноташон гуногун бемайлон идома дорад. Ин ҳолат ба дигаргун шудани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳволии мардум мусоидат менамояд, аз беҳтар шудани имкониятҳои молиявии мардум шаҳодат медиҳад ва яқинан созандагиро бар сўзандагӣ пирўз мегардонад. 
Ганҷи ҳафтум, афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёт ва Маҷ¬мўи маҳсулоти дохилии кишвар. Дар рейтинги кишварҳои рўй ба рушд ташаккули бахши хусусӣ омили муҳим аст. Аз як ҷиҳат он метавонад қисме аз масъулият ва вазниниҳои буҷети давлатиро ба ўҳдаи худ гирад ва аз ҷиҳати дигар, шиддати таъсири бўҳронҳои гуногуни пулию молиявиро дар иқтисодиёти кишвар мулоимтар гардонад. Беҳтар боқӣ мондани қурби пули миллии мо нисбат ба дигар кишварҳои минтақа, ба назари мо, шояд ба сабаби бештар рушд кардани бахши хусусӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ бошад. 
Акнун баъди гузашти 24 сол бо боварии комил гуфта метавонем, ки мудирияти мукаммали сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлатӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тибқи муқарраро¬ти ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Вале ҳамчунин бояд дониста бошем, ки дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ новобаста ба низоми сиёсӣ се гурўҳи калидӣ – ақаллияти созанда; аксарият ё оммаи мардум; ва ақаллияти харобкор пайдо мешаванд. Бӯҳроне, ки ба амал омаду як доғи сиёҳе дар пардаи сафеди истиқлоли мо бичаконид, аз он дарак медиҳад, ки гурўҳи размандаи харобкор ҳанўз дар ҳолати «санг дар бағал» қарор доранд. Пайравони ин гурўҳ, ки дар қолаби ҳизби сиёсии динӣ ва иттиҳоди нерўҳои мухолифин зуҳур карда буданд, тўли солҳои гуногуни истиқлолият чандин бор чеҳраи воқеии худро ба худию бегона нишон доданд. Ҳам акнун дар оғози моҳи сентябри соли равон муқтазои табиаташон боз онҳоро ҷунунвор ба таҳрик даровард, ки як бори дигар ниятҳои зишту нопокашонро озмоиш кунанд. Онҳо мисли ойина медонистанд, ки тарафдор надоранд, пирўз намешаванд ва маҳву нобуд мегарданд, вале дидаву дониста ба ин кор даст заданд ва оқибат ҷазои сазовори худро гирифтанд. Онҳо заррае шакку шубҳа ҳам надоштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қудрати комилан бартараф кардани чунин падидаҳои номатлубро дорад, раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагию ободониро дар ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад, вале нотавонбинӣ онҳоро ба таъбири ояти каримаи қуръонӣ «ло юбсируна: суммун, букмун, умйун, фа ҳум ло ярҷиъун» – «ҳеҷ намебинанд: каронанд, гунгонанд, кўронанд; пас онҳо бознамегарданд» (Бақара, 2:17/18) гардонидааст.    
Мо чунин мешуморем, ки дар чунин лаҳзаҳои тақдирсози миллату давлат дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста дар ҳамкорӣ бошанд ва барои ошкору пешгирӣ кардани ин қабил хиёнатҳо суботкорона фаъолият намоянд. Мо ҳанўз наме¬та¬вонем мавҷудияти ақаллияти харобкорро дар ҷомеа истисно кунем ва нисбат ба ғаразҳои нопоки онҳо бетараф бошем. Дар айни замон бояд саъю талошҳои ақаллияти созандаи воқеан миллию ватандўст дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то вазъи оммаи мардум аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин будан бо ҷойҳои корӣ беҳтар гардад ва раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба даст ояд. 
 Фазои болидарўҳии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят мураккаби байналмилалӣ шадидан тақозо менамояд, ки мо ҳеҷ гоҳ озурдахотир нагашта, вазифаи шаҳрвандӣ ва имонии худамонро дар табдил додани ин ганҷҳо ба ганҷинаи миллӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоем. Ҳамчунин набояд фаромўш кард, ки некӣ бо бадӣ, корҳои писандида бо корҳои зишт, ақл бо ҷаҳл, имон бо куфр, сулҳ бо ҷанг, рўз бо шаб, равшанӣ бо торикӣ ҳамеша дар муборизаанд ва мо бояд ҳар рўз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирўзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.  
                               Файзулло Баротзода  –  директори Маркази исломшиносӣ 
                            дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 19, 2015 03:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад