Ҳакамони эронӣ бозии «Истиқлол»-у «Кувайт»-ро доварӣ мекунанд
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Кувайт”-и Кувайт, ки 30 сентябр дар шаҳри Эл-Кувайт баргузор мешавад, ҳакамони эронӣ доварӣ мекунанд.
Довари ин бозӣ Мӯҳсин Туркии 41-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Саид Алинезҳадиён ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Бунёдифардо Мовда вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.
Ба иттилои ФФТ, бозии байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Кувайт” 30 сентябр дар Эл-Кувайт ва бозии ҷавобӣ 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






