Ҷаласаи Шӯрои ВКХ, ВМ ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД дар Душанбе
Душанбе, 15.09.20015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа рӯзномаи имрӯзаи ҷаласаи Шӯрои муштараки амнияти СААД баррасӣ гардида, тасдиқ шуд. Инчунин дар фарҷоми ҷаласа имзои як зумра созишномаҳо сурат гирифт. Дар назар аст пас аз анҷоми имзои созишномаҳо аъзои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СААД ба «Қасри миллат» омада, дар ҷаласаи Шӯрои муштараки амнияти СААД, ки бо иштироки сарони давлатҳои кишварҳои аъзои СААД сурат мегирад, ширкат кунанд. Интизор меравад, ки баъди анҷоми Сессияи Шӯрои муштараки амнияти СААД изҳороти расмии роҳбарони кишварҳои аъзои СААД дар назди намояндагони ВАО сурат гирад.
Ёдовар мешавем, ки аъзои кунунии СААД-ро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ташкил медиҳанд. Имсол раисии СААД-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҳадаф ва вазифаи асосии СААД таҳкими сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ,ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо, ки бо роҳи сиёсӣ ҷиҳати ноил шудан ба онро афзал медонанд, маҳсуб мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






