Ҳалокати кӯдакон аз беэҳтиётии ронандагон
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои истироҳатии 19-20-уми сентябр 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расид, ки аз инҳо 2 нафараш хонандаи муссисаҳои таълимӣ мебошад. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронандаи 52-солаи шаҳри Душанбе бархӯрда, пас аз он пиёдагарди ноболиғ, писарчаи 9-соларо пахш намуд. Писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ фавтид.
Ҳамин тариқ дар ин рӯз, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, сокини 49-солаи шаҳри Истиқлол ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С. Айнии ҳамин шаҳр бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 8-соларо пахш намуд. Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 19-уми сентябр ронандаи мошини “Опел-Астра”, сокини 28-солаи ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, ба мошини самти муқобил- “Опел-Астра” бархӯрд. Ронандаи мошини дуюм ва мусофири он ҷавони 26-сола ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тавр, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, сокини 27-солаи ноҳияи Ёвон, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрд. Дар натиҷа, мусофирони мошини мазкур: зани 73-сола ва марди 50-сола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ва дигар мусофирон: зани 72-сола, марди 25-сола ва духтарчаи 5-сола, сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона хобонда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар ин рӯз, ронандаи мошини “Опел-Зафира”, сокини 35-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Қарачиқум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “ДЭУ-Матис”, таҳти идораи ронандаи 27-сола бархӯрд. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира” ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Мусофири мошини мазкур сокини 47-солаи Конибодом ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона хобонида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






