“Ҳамкории минтақавӣ” дар Душанбе
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Чанде пеш ҳайати низомиёни ИМА ба машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ”, ки чорабинии ситодии калонтарини солонаю бисёрҷонибаи Фармондеҳии марказии ИМА мебошад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гузаронда мешавад, ба шаҳри Душанбе омад
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар чорабинии соли ҷорӣ 187 низомӣ ва ҳайати дастгирию хизматрасон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Муғулистон ширкат хоҳанд кард ва бо шариконашон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит ҳангоми мусоидати ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои иштироккунанда ҳамкорӣ менамоянд. Машқҳо дар шаҳри Душанбе аз 16 то 24 сентябр мегузаранд.
Машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” ба давлатҳои иштироккунанда тавассути семинарҳои таълимӣ ва машқҳои муштараки ситодӣ ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти сулҳҷӯёна ва омода шудан ба иштирок дар талошҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меоварад.
Дар боздидҳои мазкур масъалаҳои минтақавии ҷорӣ марбут ба амалиёти ҷаҳонии сулҳҷӯёна, ҳамкории амниятӣ ва мубодилаи ахбор ҳангоми гузарондани амалиёти сулҳҷӯёнае, ки талошҳои минтақавиро талаб мекунанд, баррасӣ шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






