Ҷангиёни Давлати исломӣ дар шаҳри Эс-Сувейдаи Сурия ду ҳамлаи террористӣ анҷом доданд

Сентябрь 5, 2015 06:03

Душанбе, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ифротгароёни  гурӯҳи  «Давлати исломӣ» дар шаҳри Эс-Сувейдаи  Сурия ду  ҳамлаи террористӣ  анҷом доданд.

Тавре ки  телевизиони Сурия иттилоъ дод, ду мошини бомбагузошташуда  дар наздикии беморхонаи «Ал-Ватанӣ», ки онҷо хизматчиёни ҳарбӣ табобат мегиранд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷа, ҳашт нафар ҳалок гардида,  22 тани дигар  захм бардоштанд.

Миёни фавтидагон  пешвои динии  маҳаллӣ — шайх Воҳид  Ал-Балус  низ буд.

Қабл  аз ин, аз миномётҳо дар шарқи  пойтахт шаҳри Ҷермана  тирпаронӣ сурат гирифт, ки 3 нафар кушта ва 12 нафар захмӣ гашт.

Сентябрь 5, 2015 06:03

Хабарҳои дигари ин бахш