Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии СААД дар Душанбе

Сентябрь 15, 2015 10:20

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. 
Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон — Серж Саргсян, Белорус — Александр Лукашенко, Федератсияи Русия — Владимир Путин, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як — як истиқбол гирифт. 
Ҳамоиши мазкур бо аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфт ва бо имзои санадҳо ва изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён расид.
Зимни ҳамоиш дар баробари баррасӣ шудани масоили мубрами вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СААД ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, раёсати Тоҷикистон дар СААД бо муваффақият ва босамар ҷараён дорад. Аз ҷумла ба ҳамоишҳои роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СААД ва машқҳои низомию махсус, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои ниҳодҳои дигар аз ин давлатҳо ҷараён гирифтанд, баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки машқҳои муштараки низомию махсуси кишварҳои аъзои СААД дар Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ ва фаврияти вокунишҳои зарурии ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро нишон дод. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ,  вазирони мудофиа, Кумитаи котибони шӯроҳои амният, кумитаи ҳарбӣ, роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар сохторҳо ва ҳамчунин машқҳои муштараки низомию махсус баргузор шуд. Беш аз ҳама ба санҷиши ногаҳонии омодагии доимии ҷузъутомҳои Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СААД, ки бо интиқол додани онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон  ва роҳандозии машқҳои низомӣ ҷараён дошт, баҳои баланд дода шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани имконоти глобализатсия аз ҷониби нерӯҳои террористию ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: “Чунин вазъият аз мо амалҳои ҳамоҳангшудаи таъхирнопазирро талаб мекунад, то ки ҳаёти осудаю осоиштаи кишварҳо ва мардумонамонро таъмин намоем”.  
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки шарикони мо аз кишварҳои СААД барои тақвият додани имконоти ҳарбию сарҳадбонии Тоҷикистон чун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бояд талошҳои ҳамоҳангшудаи дуҷонибаю бисёрҷониба дошта бошанд.
Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди ҳаркории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД ва густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбии ин давлатҳо аст”.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин тавсиаи робитаҳои СААД ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро амри зарурӣ номид.
Дар ниҳояти сухан Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати таҳкими минбаъда ва пайвастаи имконоти мақомоти кории СААД таъкид намуд.
Ба раёсати муваффақ ва комёби Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо ва дигар маърузагарон баҳои баланд дода шуд. Сарони давлатҳо аз нақши муҳими Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чун кишваре, ки дар хатти пеши мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ қарор дорад, ёдовар шуда, омодагии худро барои кумак расондан ба  он таъкид доштанд.
Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ як зумра санадҳои муҳим ба имзо расид, ки ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СААД мусоидат хоҳанд кард.
Ба раёсати муваффақи Тоҷикистон дар СААД, нақши муҳими кишвар дар низоми минтақавии таъмини амну субот ва ба натиҷаҳои ҳамоиши имрӯзаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ баҳои баланд дода шуд.

Сентябрь 15, 2015 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд