Артиши Сурия дар наздикии Палмира ҳамлаи силоҳбадастонро зада гардонид
Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Артиши Сурия се километр дуртар аз шаҳри Палмираи Сурия ҳамлаи дастаҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро зада гардонид. Назар ба иттилои РИА Новости, дар ҷараёни муҳориба шаш нафар силоҳбадастон кушта шуданд. Мавқеъҳои пешсафи артиши Сурия дар масофаи аз 4 то 7 километр дуртар аз шаҳри таърихии Палмира қарор доранд. Террористон ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз гурӯҳҳои махсус иборат аз 12 нафар ба мавқеъҳои низомиёни Сурия ҳамла оранд.
«Мо тавонистем, ки ҳамлаи террористонро зада гардонем. Камаш шаш нафар силоҳбадастон ва як танки душман нест карда шуд», — гуфт яке аз афсари артиши Сурия.
Рӯзи чорум аст, ки амалиёти ҳарбӣ дар 16 километрии шаҳри Палмира дар наздикии конҳои нафти Ҷазал, аз як тарафи шаҳри бостонӣ ва Тал — Абияд, аз тарафи дигар, идома дорад.
Ҷангиёни ДИ 12 май иборат аз 2 — 2,5 ҳазор нафар бар асари ҳамла шаҳри Палмираро ишғол намуда буданд. Ифротиён баъди истилои ин шаҳр димнаҳои таърихиро минагузорӣ намуда, се маъбади қадимиро таркониданд.
Муҳофизони шаҳр сарфи назар аз бартарияти қувваҳои душман тайи 8 рӯзи мудофиа қариб 600 нафар силоҳбадастонро нобуд сохтанд. Дар ҷараёни муҳориба 85 нафар ҷанговарони Сурия ҳалок ва 80 нафари онҳо захмӣ гардида, 50 нафарашон бедарак шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






