Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ: Тоҷикистон кишвари худодод аст

Сентябрь 8, 2015 03:29

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Меҳмонони Арабистони Саудӣ дар ҷамомади мизи мудаввари Фондҳои арабӣ ва Бонки исломии Рушд, ки  дирўз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо изҳори қаноъатмандӣ аз фазой озоди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон омодагии худро барой рушди ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд. 
Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ , мудири кулли раёсати амалиёти Фонди Рушди Арабистони Саудӣ дар баёни андешаҳояш перомуни масъалаи сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва рушди бемайлони ин кишвар зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» гуфт: Ҳадаф аз иштироки банда дар ин мизи мудаввар ба даст овардани маълумоти  бештар аз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад. 
«Мо қаблан иттилоъ ёфта будем, ки  Тоҷикистон як кишвари худодод аст ва инҷо захираҳои табиӣ хеле фаровон вуҷуд доранд, ки таваҷуҳи моро бештар ба худ ҷалб мекунанд. То ҳол мо чандин лоиҳаҳои сармогузориро дар Тоҷикистон амалӣ намудаем ва ин кор дар оянда низ идома хоҳад ёфт.Илова бар ин мо умед дорем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ  ба мо мусоидат кунад. Истиқбол ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик моро хеле ба шигифт овард ва албатта ин амал тибқи маълумоти қаблан ба даст расидаи мо яке аз хусусиятҳои миллии бародарони тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин амал яке аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳон ба соҳаи сайёҳӣ бошад. Мо аз сармоягзуорӣ дар кишвари Тоҷикистон умеди зиёд дорем ва ин нақшаро ҳатман амалӣ хоҳем кард,- гуфт Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ.

 

 

Сентябрь 8, 2015 03:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!