Ҳавонавардони кишвар имрӯз ид доранд

Сентябрь 3, 2015 06:18

Душанбе, 03.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз 3 сентябр кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистони  иди касбии худро ҷашн мегиранд. 91 сол муқаддам  3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти  идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва  Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе тавассути ҳавопаймо оварданд. 
Бино ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев сухангӯи фурудгоҳи байнамлилалии Душанбе кормандони бахши ҳавонавардии  кишвар иди касбии худро соли равон бо дастовардҳои бузург истиқбол менамоянд. Мавсуф афзуд, ки ҳайати кормандони ҳавонавардӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми ӯ ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда,  дар таъмини амнияти парвозҳо,  баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон,  дар маҷмӯъ рушди авиатсияи гражданӣ нақши муассир мегузоранд. М. Шодиев афзуд, ки ҳар як корманд вазифадор аст, дар асоси дастур фаъолият намуда, рисолати ба дӯш доштаашро сарбаландона иҷро кунад ва  дар рушди  хизматрасонии  ҳавонаврдӣ,  таҳкими пояҳои иқтисодии кишвар саҳми шоён гузорад. Мавсуф афзуд, ки дар тӯли 91 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди як муҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбардор рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, системаҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд. Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800 метра ва як заминкани бо қамиш  пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, системаҳои назорати парвозу нишаст ва толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ рушд кард. Муҳаммадюсуф Шодиев мегӯяд, ки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «Мрия» дар ҳарими ҳавоии  Душанбе фуруд омад, ки шаҳодати гуфтаҳост. Дар ин муддат толорҳои фурудгоҳ васеъ шуда,  сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Шароити сабти ном, гузаштан аз муоинаи амниятӣ ва дигар воситаҳои назорат ҷорӣ шуд.  Хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ /(ICAO/ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз фурудгоҳи Душанбе дар минтақа аз лиҳози  муҷаҳҳазоти  техникӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Парки техникии фурудгоҳ  75 фоиз нав карда шуд. Системаҳои назоратӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар шакли нав ба роҳ монда шуда, ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» -ҳо гузаштанд. 
Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд, ки ба ифтихори иди касбии кормандони авиатсияи гражданӣ имрӯз дар Душанбе бо иштироки масъулину роҳабрияти вазорати нақлиёти кишвар, фурудгоҳҳои  байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд, «Тоҷикаэронавигатсия», агентии алоқаҳои ҳавоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Эйшн Экспресс»,«Ширкати таъминоти ғизо дар ҳавопаймо» маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки кормандону мутахассисони фаъоли бахши ҳавонавардии кишвар бо мукофот, ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 

Сентябрь 3, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст