Ҷавонон аз сулҳу субот дифоъ мекунанд
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳаводиси идеологӣ- сиёсии кишварҳои мусулмонӣ ба як бўҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низою ҷангҳои пай дар пай дар майдони муборизаҳои сиёсӣ ва пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои нави динӣ нишони аёни он мебошанд. Таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон пазируфта нашуда буд. Вале сиёсисозии дин аз ҷониби ашхосу давлатҳои манфиатҷў бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардуми оддӣ бо пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ татбиқи амалии худро ёфта истодааст.
Аз ҷумла, таҷрибаи таъсиси ҳизби динӣ дар кишвари мо ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонони кишвар пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба миён омад. Чуноне мо медонем дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда, худро дўстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданд. Мардум ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд. Дар натиҷа кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар ниҳоят ба ваҳдату сулҳ омада, аз гуноҳи ҳамдигар ба хотири оромию ободии кишвар ва боқӣ мондани ин сарзамини бузург ба наслҳои оянда гузаштанд ва як давраи ободию созандагӣ оғоз шуд. Дар ин давраи кўтоҳ кишвари мо хеле ободу зебо шуд ва дар ин кор саҳми Роҳбари давлат бениҳоят зиёд аст. Ба хотири оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ва умед буд, ки онҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба гирифтаанд, ки ҷанг чӣ харобиҳоро ба бор меорад.
Аммо омўзиши фаъолияти чандсолаи ҲНИТ тамоман натиҷаҳои дигарро собит намуд. Дар фаъолияти сиёсии онҳо дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсии эшон истифода мешудаасту халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд, минбаъд сарпараст ва пуштибони ҲНИТ шуданд.
Маҳз бо ташкил ва дастгирии чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ имрўз кишварҳои абарқудрат низоми сиёсии кишварҳои орому тинҷ, мисли Ироқ, Сурия ва Ливияро фалаҷ карда, ба ҷои низомҳои давлатӣ як ҳараҷу мараҷи идеологӣ ва сиёсиро рўи кор меоранд, ки дар он чандин ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд. Хусусан имрўз ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо тахсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ аз доираи давлатдорӣ берун карда, ба ҷои он низоми хилофати исломиро овардаанд. Он даҳшате, ки ҲНИТ дар давраи нави Истиқлолият ба гардани мардуми тоҷик оварда буд, хеле бузург буд, вале аз он хулосаи зарурӣ набароварданд. ҲНИТ баъд аз он гўё сиёсати «сабр ва таҳаммул»-ро асоси барномаи сиёсии худ қарор дод. Аммо маълум шуд, ки ин «таҳаммул»-и эшон як ҳиллаи навбатӣ буд ва бо фаро расидани шароити мусоид аз он нишон ҳам намонд.
Баъд аз хиёнати генерал маълум гардид, ки ҲНИТ ҳанўз дар андешаи ба даст овардани қудрати сиёсӣ будааст ва аз ин андеша замоне ҳам ҷудо нашудааст. Саҳари 4-уми сентябр овозаи мудҳише саросари Тоҷикистонро фаро гирифт.Гурӯҳи силоҳбадаст бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо, машҳур бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» дар ҳудуди шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бар зидди намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми мусалаҳона аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд.
Вале мардуми шарифу бофарҳанги тоҷик сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст, ки дар айёми тинҷию оромӣ имкон дорад тамоми ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ҷомаи амал пўшанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз пешвоёни ба ном дин бетарафӣ зоҳир накарда, бояд нақши бориз баранд ва дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ман як ҷавоне ҳастам, ки зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфта, соҳиби маълумот гаштаам ва ин ноҷавонмардонро маҳкум мекунам. Ин рафтори ноҷавонмардонаи гурўҳҳои силоҳбадаст ҳеҷ гоҳ наметавонад, мо ҷавононро ба роҳи бад равона намояд, зеро мо ҷавонон Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дўст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем.
Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.Ҷавонон ояндасози ин миллати куҳанбунёданд.
Ғуломносирова Фарзона
мутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






