Ба афсарони фавтида унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад
Душанбе, 18.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Воқеаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим, Умаров Ҷунайдулло ва дигар ҳаммаслаконашон тарҳрезӣ ва амалишуда, бе ҳеҷ шакку шубҳа зидди суботу амнияти сиёсии кишвар равона шуда буданд. Мувофиқи изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз ҷониби фондҳои хайриявии кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои калони пулӣ таъмин шуда будааст. Аз нигоҳи сиёсӣ амалҳои ин афроди носипос ва ношукр зидди давлату ҳукумат ва халқу Ватан буда, онҳоро хоин ва зархаридони кишварҳои манфиатдор ҳисобидан мумкин аст. Он сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки дар кишвар ҳукмфармост, барои ин зархаридони хориҷӣ ягон арзише надоштааст.
Аз ин хотир Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки ҷазои сазоворро барои чунин хоинони миллату давлат таъин намоянд. Дар баробари ин ба он ашхосе, ки ҷони худро дареғ надоштаанд, аз ҷониби давлат ба наздиконашон ғамхории якумра таъйин карда шавад ва бигузор ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон пешниҳод гарданд ва бо ин мо метавонем худшиносию ватандӯстиро дар қалби ҷавонон ҷой кунем. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамояд: «Мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем». Ин дуруст аст, воқеан ҳам вазъи муосири равандҳои сиёсию ҷаҳонӣ ва хатарҳои гуногуни дохилию хориҷӣ, аз қабили хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарзо ба вазъи сиёсӣ ва суботу амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки ба ҳар кишвари ҷаҳон таъсир мерасонад.
Бояд таъкид намоем, ки яке аз омилҳои чунин даргириҳо холигии мафкураи мардум, аз ҷумла ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таълими фанҳои ҷомеашиносиро дар барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар намуда, пайваста онро такмил диҳад.
Воқеаҳои ба амал омада мо, кормандони мақомоти қудратӣ, амният ва қувваҳои мусаллаҳро вазифадор менамояд, ки ҳамеша дидаи бедор, чашми тезбин, ақлу хиради расо дошта, баҳри ошкор намудани чунин амалиёту рафторҳои зиддидавлатӣ тадбирҳои зарруриро андешем ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.
Ҳакимов Р., номзади илми сиёсӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Ашралиев М. , номзади илми педагогӣ, ходими калони илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналхалқии Институти фалсафа , сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






