Бароят эй Ватан ҷонам фидо бод! Ҷавонони фаъол кирдори хиёнаткоронаи ҳоҷӣ Ҳалимро маҳкум намуданд
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи «Авангард», ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ва донишкадаҳои шаҳри Душанбе, ки дар толори «Кохи Ҷомӣ» доир гардид, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оид ба ҳадаф ва мақсаду мароми баргузории ҳамоиши мазкур иттилоъ дод.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар Раҷаб аз натиҷаи фаъолияти 8-моҳаи дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонону донишҷӯён бояд зираку ҳушёр бошанд ва аз илмҳои замони муосир бархурдор буда, ҳамеша дар пайи ободӣ ва осоиштагии Ватани маҳбубамон бошанд. Дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оид ба кор бо ҷомеа полковники милитсия Қудратулло Ғуломов фаъолияти 8-моҳаи дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсияро натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки ҳамарӯза аз 500 то 550 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатӣ бо кормандони милитсия ва нозирони минтақавӣ ба хизмат баромада, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дар мубориза бар зиддӣ ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар идомаи суханронӣ оид ба пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъкид намуда, изҳор дошт: «ҷавононе ҳастанд, ки нафаҳмида ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шомил мешаванд, чунки дониши дунявӣ ва динӣ надошта, аз тангназарӣ ва надоштани ҷаҳонбинӣ ба гумроҳӣ меафтанд».
Ҳамчунин, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Қунғуротзода Фотеҳ баромад намуда, зикр кард, ки Душанбе — ин дили Тоҷикистон мебошад ва Шумо ҷавонони фарҳангӣ ва пешоҳанги миллат бояд барои ободу зебо ва рушду тараққӣ ёфтани он ва умуман Ватани азизамон саҳми босазо дошта бошед.
Дар рафти ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъол ва пешоҳанги шаҳри Душанбе: Давлатов Аҳмадхуҷа – аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҳалимов Абдуалим-мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҳусейнов Дилшод – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодии ДМТ ва Шарипов Маҳмадулло — донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ баромад намуда, изҳор доштанд, ки чун фарзандони бонангу номус ва баори миллат гуфта метавонем, ки сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвату дороӣ болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву рафоқат баробар шуда наметавонад ва кирдори хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалим, мулаққаб ба ҳоҷӣ Ҳалимро маҳкум намуданд.
Аз он ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодии ДМТ Ҳусейнов Дилшод зимни баромад зикр кард, ки «Мо ҳама фарзандони даврони Истиқлол ҳастем. Мо Сарвари шуҷоъ, қаҳрамон, шахси тақдирсози миллат Эмомалӣ Раҳмон дорем, бо ин марди Худодод ҳамеша фахр менамоем. Бояд қайд кард, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ миллати парешон сарҷамъ, мамлакат обод ва гул-гул шукуфон шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва Ваҳдату сулҳ падидор аст. Мо намегузорем, ки нохалафе, ватанфурӯше, нокасе, носипосе, кӯрнамаке Ваҳдату ягонагӣ ва тинҷию ободии моро халалдор созад».
Дар ҷараёни ҳамоиш филмҳои мустанади «Роҳ сӯи торикӣ» ва «Пушаймонӣ», ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ таҳия гардидаанд, намоиш дода шуд, ки ба ҷавонон хеле писанд омад.
Дар хотимаи вохӯрӣ дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи «Авангард», ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ва донишкадаҳои пойтахт ба Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе омада, бо рафти фаъолият ва хизматбарии кормандони милитсия шиносоӣ пайдо намуданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






