Баррасии масоили буҷети давлатӣ барои соли 2016
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъқул донистани «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017»» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба масъалаҳои рўзномаи кории ҷаласа роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.
Дар маҷмўъ, лоиҳаи қарорҳои пешниҳодгардида қобили қабул дониста шуда, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва имкониятҳои мавҷуда лоиҳаҳои қарорҳоро такмил дода, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






