Беш аз 3 ҳазор муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Бадахшон

Сентябрь 2, 2015 04:16

Хоруғ,  02.09. 2015 (АМИТ   «Ховар»).- Дар соли тахсили  нави  2015 -2016 дар каламрави вилояти Бадахшон   313 муассисаи  таълимии таҳсилоти  умумӣ,ки   аз ин теъдод  189 адад  мактабҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ,  51  макотиби умумии  асосӣ  ва 73  макотиби ибтидоӣ  мебошанд,  толибилмонро ба таҳсил фаро гирифтанд. 
Дар соли нави хониш дар муассисахои  таълимӣ 2398 адад компютер,  482 адад принтер  бо 424 синфхонаҳои  компютерӣ  ва 6 адад тахтаи  электронӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор  гирифтанд.  50 муассисаҳои  таълимӣ  ва шуъбаҳои  маорифи  шаҳру наҳияҳои  вилоят  ба шабакаи  интернетӣ  пайваст гардидаанд. 

 

Сентябрь 2, 2015 04:16

Хабарҳои дигари ин бахш