Бо бовару эҳсосоти мардум набояд бозӣ кард

Сентябрь 30, 2015 12:02

Душанбе, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рўйдодҳои сиёсии чанд соли охири кишварҳои исломӣ бори дигар ин воқеиятро собит месозад, ки дини ислом дар зоти худ ҳеҷ айбе надошта, ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмони сиёсӣ низ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом аз тарафи ашхоси манфиатҷў бо истифода аз ноогоҳии сиёсию динии мардуми оддӣ ва ҳамзамон қурбон кардани манофеи миллию давлатии кишвари хеш бар ивази ҳимояи манофеи геополитикию иқтисодии абарқудратҳо сурат мегирад. Аз ин рў, чунин амалкарди баъзе пешвоёни динро ҷуз судҷўӣ ва ба бозӣ гирифтани эътиқодоти мардум наметавон ном бурд, зеро тавре ки таҷрибаи баъзе кишварҳо собит сохт, роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён аксаран бар зарари кишвар анҷом ёфта, истиқло¬лияти сиёсию фарҳангӣ ва дар муддати дарозмуҳлат тамомияти арзии кишварро ҳам ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекунад. Ҳосили амалкарди чунин афрод ба коҳиш ёфтани обрўю нуфуз ва нақши созандаи дини ислом оварда мерасонад.

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ин воқеиятро собит месозад. Таҳлили фаъолияти чанд соли охири ин ҳизб ва муҳтавои маводи ҳафтаномаи «Наҷот», ки интишоркунандаи ҳадафҳои сиёсию динии ин ҳизб ба ҳисоб меравад, нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. Маълум аст, ки яке аз роҳҳои пиёда кардани  ҳадафҳои кишварҳои абарқудрат ин шиорҳои авомфиребонаи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва ба боди танқиду истеҳзо кашидани кишварҳое мебошад, ки дар онҳо ба истилоҳ ҳуқуқу озодиҳои шахс поймол мегарданд. Дар вақтҳои охир роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ дар маърўзаҳои худ мафҳумҳои «худкома»-ро бисёр истифода мебурд. Гўё вай абарқуд¬рат¬ҳоро ҳушдор менамуд, ки бубинед дар кишвари мо низ низоми худкома пойдор асту шумо метавонед ин сиёсати «башардўс¬тона»-и худро дар кишвари мо низ пиёда созед. Яъне,  он даҳшатеро, ки ҲНИТ дар солҳои 90-ум ба сари мардуми тоҷик оварда буд, бори дигар такрор кунед. Ба ҳар васила эшон бо истифода аз имконияти муносиб мехостанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Барои онҳо баҳонаи «худкома» ҳисобидани кишвари худ маънои лаббайка гуфтан ба даъвати «хўҷаинони хориҷӣ»-ро дорад, ки эшон ба мусулмонону фарҳанги исломӣ душмани ошкоранд. Хушбахтона, тири онҳо хок хўрд. ҲНИТ баъд аз он маккорона гўё сиёсати «сабр»-ро пеша намуда буд. Аммо ба ҳамагон маълум буд, ки ин «сабр» муваққатӣ асту онҳо бо пайдо кардани фурсати муносиб аз худ дарак медиҳанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябр ин амали онҳоро бори дигар собит кард. Баъд аз ношукриҳою хиёнати генерали исёнгар маълум гардид, ки ҲНИТ  сайёди тиҳимағзу беандеша ва ношукреро мемонад, ки ҳамеша дар камин буда, новобаста ба сайди фаровони хеш доимо дар пайи тўъмаи навбатист. Таҷрибаи Афғонистон, Сурия ва Либия нишон дод, ки бе лаҷому бе назорат гузоштани баъзе аз гурӯҳҳои экстремистӣ боис шуд, ки онҳо дар муддати кӯтоҳ давлатҳои устувору тамаддуни дурахшонеро, ки чандин садсолаҳо падарону бобоҳояшон бунёд карда буданд, аз байн баранд.  

Тасмими охири ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии кишвар дар робита бо ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ва пешгирии ҳар гуна кӯшиши ноором кардани вазъият нигаронида шудааст. Ҳар ҳукумате, ки дар фикри амнияти кишвар бошад, ногузир даст ба тадбирҳое мезанад, ки ҳадафи он таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони он мебошад. Мардуми тоҷик сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст,  ки маҳз дар фазои сулҳу салоҳ ва тинҷию оромӣ имкон дорад, ки тамоми ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ҷомаи амал пўшанд. Мо шоҳиди онем, ки новобаста ба  бўҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва вазъи ногувори молиявӣ роҳбарияти олии кишвар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии мардум, рушди бемайлони соҳаи илму маориф ва фарҳангу тандурустиро аз самтҳои афзалият¬ноки сиёсати хеш қарор дода, баҳри пешрафти босуботи кишвар талош варзида истодааст. Бо сифати баланд тармим гардидани роҳҳои асосии мошингарди кишвар, рўз ба рўз зиёд гардидани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар саросари кишвар, ба маротиб зиёд шудани шумораи сохтмони биноҳои  истиқоматию бо ин роҳ тавлид шудани ҷойҳои иловагии корӣ ва даҳҳо тадбирҳои дигари созандагӣ аз қадам ба қадам пеш рафтани  иқтисодиёти кишвар ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинони он дарак медиҳанд. Бинобар ин, ҳар як сокини ватанпарасту фарҳангдўсти кишварро зарур  аст, ки нисбат ба рафтору ҳаракатҳо ва ғояҳои ифротии бегонапарастонаи иддае бетарафӣ зоҳир накарда, қотеона  мубориза баранд ва бо муборизаи фаъоли худ дар ин самт  барои тақвияти Ваҳдати миллию Истиқлолияти давлатии кишвар ва пешрафти ҳамаҷонибаи он саҳмгузор бошанд.  

Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ созмони террористӣ эълон гашта, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шуд. Ин иқдоми ҳуқуқӣ имкон намедиҳад, ки ҳеҷ ҳизбу созмон ва ҳаракати иртиҷоӣ бо боварҳову эҳсосоти мардум бозӣ кунад ва сулҳу оромиш ва амнияти кишварро ба хатар андозад. 

Аз ҳамватанони кишвар даъват мекунем, ки дар чунин рӯзҳои сарнавиштсоз бетараф набошанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар Ватани азиз талош варзанд ва бар зидди ҳама гуна қувваҳои иртиҷоиву зиёновар мубориза бурда, саҳми худро дар ободиву осудагии ин сарзамин бигузоранд. 

Сайфулло Муллоҷонов,
сардори Шуъбаи маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   

Сентябрь 30, 2015 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад