Боздошти сокини Душанбе бо беш аз 2 кг. маводи мухаддир

Сентябрь 25, 2015 07:03

Душанбе, 25.09.2015, (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз, 24-уми сентябр кормандони милитсия сокини 25-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд.  Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 1 кг. 210 гр. ҳашиш ва 942 гр. маводи нашъадори афюн дарёфт гардида, мусодира шуд. 
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Сентябрь 25, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш