Бозиҳои серголи даври сеюми Ҷоми ҷаҳон 2018 дар Осиё

Сентябрь 4, 2015 05:11

Душанбе, 4.09. 2015. (АМИТ “Ховар»). Шоми дирӯз бозиҳои даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 дар ҳашт гурӯҳи Осиё баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Австралия, ки дар як гурӯҳ бо Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорад,  дар майдони худ мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ду голро Томас Рогич ба нишон расонд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахби Қирғизистон дар сафар бо мунтахаби Урдун вохӯриашро бо ҳисоби 0 бар 0 мусовӣ анҷом дод. Пас аз даври сеюм Австралия бо 6 имтиёз ба садри ҷадвал баромад. Дар ин давр шумораи аз ҳама зиёди голҳо дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Бутан ба дарвоза ворид шуданд. Соҳибони майдон қатарихо бо 15 гол меҳмоноро меҳмондорӣ карданд.  Мунтахаби Эрон бар Гуам 6:0, Амороти Мутаҳидаи Араб бар Малайзия 10:0, Корея бар Лаос 8 :0 Ҷопон бар Камбодиа 3:0, Ироқ бар Тайван 5:1, Ӯзбекистон бар Яман 1:0, Уммон бар Туркманистон 3:1, Сурия бар Сингапур 1 :0, Кувайт бар Миянмар 9:0, Кореяи Шимолӣ дар сафар бар Баҳрайн 1:0 ва Арабистони Сауди бар Тимори шарқӣ 7:0  пируз шуданд. Акнун рӯзи 8 сентябр дар даври чорум дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишварамон дастаи мунутахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Австралия вориди  майдон мешаванд. 

Сентябрь 4, 2015 05:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст