Бозиҳои серголи даври сеюми Ҷоми ҷаҳон 2018 дар Осиё
Душанбе, 4.09. 2015. (АМИТ “Ховар»). Шоми дирӯз бозиҳои даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 дар ҳашт гурӯҳи Осиё баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Австралия, ки дар як гурӯҳ бо Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорад, дар майдони худ мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ду голро Томас Рогич ба нишон расонд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахби Қирғизистон дар сафар бо мунтахаби Урдун вохӯриашро бо ҳисоби 0 бар 0 мусовӣ анҷом дод. Пас аз даври сеюм Австралия бо 6 имтиёз ба садри ҷадвал баромад. Дар ин давр шумораи аз ҳама зиёди голҳо дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Бутан ба дарвоза ворид шуданд. Соҳибони майдон қатарихо бо 15 гол меҳмоноро меҳмондорӣ карданд. Мунтахаби Эрон бар Гуам 6:0, Амороти Мутаҳидаи Араб бар Малайзия 10:0, Корея бар Лаос 8 :0 Ҷопон бар Камбодиа 3:0, Ироқ бар Тайван 5:1, Ӯзбекистон бар Яман 1:0, Уммон бар Туркманистон 3:1, Сурия бар Сингапур 1 :0, Кувайт бар Миянмар 9:0, Кореяи Шимолӣ дар сафар бар Баҳрайн 1:0 ва Арабистони Сауди бар Тимори шарқӣ 7:0 пируз шуданд. Акнун рӯзи 8 сентябр дар даври чорум дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишварамон дастаи мунутахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Австралия вориди майдон мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






