Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият

Сентябрь 8, 2015 11:13

Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Имрӯз бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангии ҷавонон — “Ориённо” ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён, варзишварон ва доираи васеи ҷавонон иштирок намуданд. 
 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар суханрониаш ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. 
Дар ҷамъомад бо тантана  масъулин роҷеъ ба арзишҳои Истиқлолият ва дастовардҳои он андешаронӣ намуда, ҷавононро ба пос доштани онҳо ва пойдории Истиқлолият даъват намуданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба як қатор устодону варзишгарон, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ва ҷавонони фаъол, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм гузоштанд, Сипосномаи Кумита тақдим карда шуд.

 

Сентябрь 8, 2015 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст