Дар ҷамоати Ворух чойхонаи нав кушода шуд

Сентябрь 5, 2015 06:02

Хуҷанд, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи дурдасти ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара дар арафаи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чойхонаи нави  муосир кушода шуд.

Бино ба маълумоти маъмурияти шаҳр, чойхона бо ташаббуси сокинони ҷамоат бародарон  Шораҳматовҳо ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара сохта шуд.

Бинои дуошёнаи чойхонаи  миллӣ  ду толор  бо наққошиҳои миллӣ   ва  якчанд  марказҳои хизматрасонӣ дорад, ки 15 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Сентябрь 5, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш