Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мулоқоти рӯҳониёни кишвар баргузор шуд

Сентябрь 18, 2015 04:46

Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа бо иштироки раиси  кумита Давлатзода Сулаймон, муовини раиси кумита Ҷумъахон Ғиёсов, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин бо сархатибон, эмом-хатибон ва мудирони бахшҳои дини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҳодисаҳои хунине, ки бо айби як гурӯҳ хоинони Ватан сар зада, боиси марги одамон гашт мавриди муҳокима қарор гирифт. Муовини раиси кумита Ҷумъахон Ғиёсов дар баромади худ қайд кард, ки як гурӯҳ одамон зери ниқоби дини ислом даст ба ҷинояткориҳо зада, кӯшиш мекунанд, ки сулҳу суботи Тоҷикистонро халалдор кунанд. Мавқеи бетарафӣ, ки ҲНИТ вобаста ба ин ҳодисаҳо ишғол намуд, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарону аъзои ҳизби наҳзат ҷонибдори гурӯҳи террористон мебошанд.
Қарор қабул карда шуд, ки нуқтаҳои муҳими мулоқоти баргузоршуда, дар хутбаи имрӯзаи намози ҷумъа ба самъи намозгузорон расонида шавад.

 

Сентябрь 18, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст