Дар Хатлон бахши сайёҳии дохилӣ рушд меёбад

Сентябрь 23, 2015 06:46

Қӯрғонтеппа, 23.09.15. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). — Роҳбарияти   шаҳри  Қӯрғонтеппа   барои татбиқи  Барномаи  рушди  сайёҳии  дохилӣ дар  солҳои  2015 — 2017  сафари  ҷавонони  шаҳр  ба  ноҳияҳои  Шаҳритус ва  Носири  Хисравро  ташкил  дод.
Ҷавонон  дар ҷараёни  сафарашон  аз Осорхонаи  таъриху  кишваршиносии  Шаҳритус ва иншоотҳои дигари таърихии  ноҳия  боздид  намуда,  дар  ноҳияи  Носири  Хисрав «Чилучорчашма» — ро тамошо  карданд. 
Ба  гуфтаи   созмондиҳандагони  сафари  ҷавонон,  чорабинии  мазкур  ба тарбияи  ҷавонон  дар  рӯҳи  ватандӯстӣ  мусоидат  намуда,  равобити  дӯстонаи байни ҷавонони минтақаҳои ҷумҳуриро таҳким  мебахшад.

 

Сентябрь 23, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш