Дар Хуҷанд 40 фоизи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд

Сентябрь 16, 2015 05:31

Хуҷанд, 16.09.15. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода). — Дар  маҳаллаи  «Темурмалик» — и   шаҳри  Хуҷанди  вилояти  Суғд  бинои  нави кӯдакистони  дорои 360 ҷой  мавриди  истифода  қарор  гирифт.
Барои сохтмони  бинои  кӯдакистон, ки  якуним  сол  муқаддам  оғоз  ёфта буд,  аз  буҷети  шаҳр  5 миллион  сомонӣ ҷудо  карда  шудааст. 30  ҳуҷраи  кӯдакистон  бо  таҷҳизоти  зарурӣ  таъмин  аст.
Дар  маросими ботантанаи ифтитоҳи  муассисаи  томактабӣ  раиси  вилояти  Суғд Абдураҳмон  Қодирӣ  ва  раиси  шаҳри  Хуҷанд  Раҷаббой  Аҳмадзода  ширкат  доштанд.
То имрӯз  дар  шаҳри  Хуҷанд  35 кӯдакистон  фаъолият дошта,  дар  онҳо беш  аз 8  ҳазор  нафар  кӯдакон  ба  таҳсилоти томактабӣ фаро  гирифта  шудаанд, ки  ин 40  фоизи талаботи  умумиро  ташкил  медиҳад. 

Сентябрь 16, 2015 05:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст