Дар Хуҷанд 40 фоизи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд
Хуҷанд, 16.09.15. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Дар маҳаллаи «Темурмалик» — и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои нави кӯдакистони дорои 360 ҷой мавриди истифода қарор гирифт.
Барои сохтмони бинои кӯдакистон, ки якуним сол муқаддам оғоз ёфта буд, аз буҷети шаҳр 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. 30 ҳуҷраи кӯдакистон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.
Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи муассисаи томактабӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат доштанд.
То имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 35 кӯдакистон фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 8 ҳазор нафар кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин 40 фоизи талаботи умумиро ташкил медиҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






