Дар Иди Курбон як рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -24 сентябр дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои мусулмонӣ Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. 24 сентябр ҳамчун рӯзи ид аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Мувофиқи Конуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Иди Қурбон рӯзи истироҳатӣ эълон гаштааст.
Имсол ин ид ба рӯзи корӣ рост омадааст ва аз ҳамин сабаб истироҳат ба дигар рӯз гузаронида намешавад. Яъне, шаҳрвандони Тоҷикистон як рӯз- 24 сентябр истироҳат хоҳанд кард. 23 сентябр аз сабаби тайёрӣ ба ин ид соати корӣ як соат кам карда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд. 25 сентябр рӯзи корӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Иди Қурбон чун анъана дар ҳамаи масҷидҳои кишвар бо намоз оғоз мегардад. Баъдан ҳамаи мусулмонон ба зиёрати сари манзили гузаштагони худ рафта, пас аз он ба аёдати хешу табор ва дӯстону наздикон мераванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






