Дар Панҷ ғоратгари 20 — сола дастгир шуд
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёти фаврӣ ҷавонзани 20 — солаи сокини ноҳияи Панҷро бо гумонбари ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Тавре ки Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шахси зикршуда дар бозори «Ҳоҷи Шариф» — и шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади аз худ намудани амволи шахси дигар вориди дӯкони як сокини маҳаллӣ шуда, либосҳои гуногунро ба маблағи 400 сомонӣ зӯран бас даст оварда, аз ҷойи воқеа ғайб задааст.
Нисбат ба шахси гумонбаршуда аз рӯи моддаи 249 Кодекси ҷиноятсанҷии ЧТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






