Дастури Убайдуллоев ба Лангариева :«вазъи ҷойҳои ҷамъиятиро дақиқ намоед!»

Сентябрь 1, 2015 09:17

Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки шаҳрдории Душанбе бархе аз ҷойҳои ҷамъиятиро ба марказҳои дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои истеҳсолии мардумӣ табдил дода, дар ин росто бонувони хонашини Душанберо, бо ҷои кор таъмин созад. Дар иртибот  Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи корӣ ба муовини соҳавияш Ҷамила Лангариева дастур дод, ки ҳамроҳ бо масъулони сохторҳои марбута ҳолати ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт воқеанд, дар зарфи як ҳафта дақиқ намояд. Ва аз натиҷаи онҳо ба шаҳрдорӣ дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумот ироа созад. Ин иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки ҳафтае қабл дар пойтахт 45 гурӯҳи кории таблиғотӣ созмон дода шуд, ки ҳадафи он мубориза бо фарҳанги ғайр ва дигар зуҳуроти номатлуб, бахусус ифротгароист.

 

Сентябрь 1, 2015 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад