ДМИТ аъзои CEEMAN мешавад
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 23-26 сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва минтақашавии рушди менеҷмент дар ҷамъияти инкишофёбанда» 23-юмин конфронси байналхалқии CEEMAN баргузор шуд. Дар он муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров ширкат варзид. Дар ҷараёни конфронс Баҳром Сафаров бо президенти CEEMAN Даниса Пург, директори CEEMAN Олга Велигурская ва директори аккредитатсияи байналмилалии CEEMAN Аленка Брасек Лалис вохӯрӣ намуда, оид ба масоили аъзои CEEMAN шудани ДМИТ ва гирифтани аккредитатсияи байналмилалии CEEMAN (IQA) гуфтушунид намуд.
Ҳамзамон мавсуф бо директори CAMAN Шерин Сужикова низ вохӯрда, бобати гирифтани аккредитатсияи минтақавии ин ташкилот гуфтушунид анҷом дод.
Дар доираи конфронс байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи шарқии Қирғизистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии соҳибкории Алмаато ва Донишгоҳи Сингапури Ҷумҳурии Ӯзбекистон протоколи расмӣ оид ба ташкили Консортсиуми илмӣ-таълимии МТО-и Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
Дар натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳо бо намояндагони донишгоҳҳою созмонҳои ҳузурдошта як силсила шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла дастрасӣ пайдо намудан ба Фонди лексияҳои садодор ва дар нимсолаи дуюми соли таҳсили равон дар Донишгоҳи давлатии Норини Қирғизистон ва Донишгоҳи менеҷменти Алмаато ба таҳсил фаро гирифтани 8 донишҷӯи ДМИТ мувофиқа ба амал омад.
Дар ин бора котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева хабар дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






