Донишманди Афғонистон: «Ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон ниёз ба ҳизби исломӣ надорад»

Сентябрь 15, 2015 10:54

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ман доктор Муҳаммадюсуфи Раҳматуллоҳ, узви Шӯрои Олии “Ҳизби Ҷумҳурихоҳон”-и Афғонистон, Раиси муассисаи ҳурфавии “Ҳамватан”, ҳамчун тоҷик ва шаҳрванди кишвари ҳамҷавор бо халқи Тоҷикистон, фарҳанг, урфу одат, қонуну қонуниятҳои он аз наздик шиносам, чунки давоми якчанд сол дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаам ва инчунин падару бобоям зодаи ин сарзамини биҳиштосою дӯстдоштанӣ буданд. Ман Тоҷикистонро ҳамчун Ватани аҷдодии худ ҳисобида, нисбати он меҳру муҳаббати беандоза дорам. Ин диёр, ки мардумаш баруманду баномус мебошад, бисёр шахсиятҳои бузургро тарбия ва ба воя расонидааст, ки натанҳо дар кишварашон, балки дар ҷаҳон онҳоро мешиносанд ва қадр мекунанд.
Ҳамчун намояндаи халқи азияткашидаи Афғонистон чунин мепиндорам, ки зиндагӣ дар ватани орому осоишта беҳтарин ва гаронбаҳотарин неъмат аст, чунки дар минтақае, ки ҷанг бошад дар он ҷо бадбахтӣ, қашшоқӣ, гуруснагию хунрезӣ ҳукмфармост. Ба таври мисол, дар Афғонистони мо муддати 35 сол инҷониб нооромию хунрезиҳо идома дошта, дар димоғи мардуми бечора то ҳануз бӯи хун мезанад. Пас агар пурсанд, ки сабаб дар чист ва ё кист, ҷавоб якест — динситезон, исломгароёни сиёсатталаб ва ҳизбҳои сиёсие, ки аз номи ислом истифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ талош меварзанд. 
Таърихи Тоҷикистон низ нишон дод, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва воқеаҳои охири Тоҷикистон ба намояндагоне рабт дорад, ки узви ҳамин ҳизб буданд ва мебошанд ва гуноҳи ин ҳизб низ намоён аст. Дар кишваре, ки наваду нуҳ фисадаш мусулмон аст, ин ҳизб мебоист сулҳу суботро пеша мекард на фитнаву фасодро. Дар вақти фаъолияташ агар бо нияти нек барои осоиштагии Тоҷикистон хизмат мекард, намояндагони он бар зидди Ватану миллат намехестанд ва хуни ноҳак рехта намешуд. Аз ҷумла, яке аз хоинони миллати тоҷик Абдуҳалими Назарзода, ки акнун мо тоҷикони ҷаҳон оиди кирдори ноҷавонмардонаи ӯ нисбати миллати худ воқиф ҳастем, аз мисоли намояндагони ин ҳизб маҳсуб меёбад. Аз рафторҳои аъзоёни ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон маълум мешавад, ки ин ҳизб на хизмат ба ватану миллат, балки нооромию нотинҷиро дар кишвари Тоҷикистон хоҳон аст ва ба таври доимӣ гӯш ба “хоҷагони хориҷӣ”-и худ медиҳад. 
Пас, чунин бармеояд, ки дини поки Ислом, бахусус ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон ниёз ба ҳизби исломӣ надорад ва замоне фаро расидааст, ки ҲНИТ-ро решакан намуд, то ба бақои миллати тоҷик зиллате нарасад.
Ҳамчун як фарзанди тоҷики муқими кишвари ҳамсоя аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки барои решакан кардани ватанфурушону хоинони миллат аз қабили Абдуҳалим Назарзода ва амсоли онҳо мубориза баред, то ки ба монанди кишвари мо ҳар рӯз дар хун оғушта набошед. Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки бадхоҳони миллатро ҳамон “хоҷагонашон” ҳам то ба охир бовар намекунанд, барои он ки онҳо Ватан, миллат ва истиқлолияти давлатиашонро мефурушанд ва барояшон ягон муқаддасоти арзишманде ба ғайр аз пулу мансаб вуҷуд надорад.

        Доктор Муҳаммадюсуфи Раҳматуллоҳ, Раиси муасисаи ҳирфавии “Ҳамватан”, узви Шӯрои Олии “Ҳизби Ҷумҳурихоҳон”-и Афғонистон 

Сентябрь 15, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ