Ду амали террористӣ дар пойтахти Яман

Сентябрь 3, 2015 10:48

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар  масҷиди Ал-Муайяди   шимоли пойтахти Яман ду таркиши террористӣ ба амал омад. Гумон меравад, ки  бомбаи аввалро дар амалиёт  террорист- мунфаҷири  дар масҷид буда  тарконид. Таркиши дуюм вақте рӯй дод,  ки мардум биноро тарк карда буданд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дастгоҳи тарканда  роҳандозӣ шудааст.
Тавре ки аз Вазорати тандурустии Яман ба оҷонсии Sputnik иттилоъ доданд, шумораи фавтидагон дар натиҷаи  ду таркиш дар масҷиди шимоли пойтахти Яман шаҳри Санъо 28 нафарро ташкил намуда, тақрибан сад нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои манбаъ, ин  шумораҳо   ниҳоӣ нестанд. Тавре  Reuters хабар дод, бо ишора ба саҳифаи радикалии  шабакаҳои иҷтимоӣ, масъулияти ҳамлаи террористиро гурӯҳи «Давлати Исломӣ» ба ӯҳда гирифтааст.

Сентябрь 3, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад