Ду медали Дилшод Назаров аз мусобиқаи байналмилалии Италия ва Маҷористон
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Гурзандози кишвар Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «IAAF Hammer Throv Challenge», ки чанде пеш дар кишварҳои Италия ва Маҷористон баргузор шуд, ғолиб омада, медали нуқра ва биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии Италия бо партофти гурз ба масофаи 77,98 м медали нуқра ва дар Варшава бо партофти 74,12 м медали биринҷиро соҳиб гардид.
Дар ин мусобиқа Павел Файдек бо нишондоди 80,96 ва 81,99 мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд.
Ёдрас мешавем, ки Дилшод Назаров, аввалин гурзандоз ва варзишгари тоҷик мебошад, ки ба бозиҳои тобистонаи олимпии Рио Де Женерои Бразилия- 2016 роҳхат гирифтааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






