Эмомалӣ Раҳмон: Ҳадафи асосии «Амалиёти об барои ҳаёт»- иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об

Сентябрь 27, 2015 12:08

Душанбе, 27.09.2015. (АМИТ «Ховар»). –«Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ «Амалиёти об барои ҳаёт», ки 23 декабри соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷараён дорад, иброз дошт.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи глобалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. 
«Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд. Даҳсола ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 27, 2015 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ